Санаи 26 феврали соли 2026 дар толори Маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории Суди ноҳияи Дӯстӣ, дар асоси нақшаи чорабинии дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси Суд муҳтарам Зуҳурзод Н.Ҳ., бо ҷавонон, фаъолон, занон, раисони кумитаҳои маҳалла, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯрии судман доир ба фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳсосоти ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин пурзур намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ва сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву тероризм, инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Раиси Суди ноҳия муҳтарам Зуҳурзод Н.Ҳ., баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.



Суди ноҳияи Дӯстӣ 
