Вохӯрии раиси Суди ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷамоати шаҳраки Хуррамдиёри ноҳия, бо мақсади ба таваҷҷуҳи аҳолӣ расонидани моҳият ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”.

Санаи 12 марти соли 2026 дар толори Ҷамоати шаҳраки Хуррамдиёри ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории Суди ноҳияи Дӯстӣ, дар асоси нақшаи чорабинии дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси Суд муҳтарам Зуҳурзод Н.Ҳ.,  бо ҷавонон, фаъолон, занон, раисони кумитаҳои маҳалла, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯрии судман доир ба фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳсосоти ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Раиси Суди ноҳия муҳтарам Зуҳурзод Н.Ҳ., баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.