23 Феврал – Рузи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон
Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 33 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.
Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷаванон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Генерали артиш — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши ҷавони Тоҷикистон давраҳои ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, бунёди навъи қӯшунҳо, қисмҳои низомӣ, марҳилаҳои рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ, татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идории ҳарбиро аз сар гузаронида, дар роҳи пурзӯру мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат қадамҳои устувор гузошта, дар самти ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ба неруи бузургу қудратманд табдил ёфт.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.
Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.
Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзем.
Раиси Суди
ноҳияи Дӯстӣ: Зуҳурзод Н.Ҳ.

Суди ноҳияи Дӯстӣ 
