Шанбегӣ дар Суди ноҳияи Дӯстӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2025, тањти №1034-4/1-21 бањри иљрои дастури Роњбарияти Дастгоњи иљроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосои барқияи ҳукуматӣ аз 01 августи соли 2025, №24/10-9 дар Суди ноҳияи Дӯстӣ ҳар ҳафта шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ,  ободкорӣ  ва  сарсабзу  хуррам  гардонидани гирду атрофи бинои суд гузаронида мешавад.

Санаи 14 марти соли 2026 сол дар Суди ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи суд бо руҳияи баланди Ватандӯстӣ  шанбегӣ гузаронида шуда, гирду атрофи назди бинои Судро аз баргу хазонҳо тоза намуда, бо мақсади нашъу намои хуб гирду атрофи назди бино тоза карда шуда, замини бинои суд нарм карда ва гулҳои ороиши шинонда шуд.