Санаи, 17 май, дар маркази маъмурии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки беш аз 5200 нафар баргузор гардид. Чорабинии оммавии варзишӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва ҷалби сокинон, бахусус ҷавонон, ба варзиш арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиши бошукӯҳи варзишӣ кормандони Суди ноҳияи Дӯстӣ, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон, ҷавонон ва ҳазорон нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.


Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ оғоз гардида, иштирокчиён бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси ватандӯстӣ масири муайяншударо тай карданд. Марафони велосипедронӣ низ бо иштироки фаъоли дӯстдорони варзиш баргузор шуда, ба фазои идонаи ноҳия шукӯҳи бештар бахшид.
Муовини авали Раиси ноҳияи Дӯстӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ барои таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли солиму фаъол ва рушди соҳаи варзиш аҳамияти махсус дорад. Зикр гардид, ки маҳз тавассути рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим метавон ҷомеаи неруманду созанда бунёд кард.
Таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди инфрасохтори варзишӣ, оммавигардонии варзиш ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Иштирокчиён бо руҳияи болида ва ҳисси ифтихори миллӣ дар чорабинӣ ширкат варзида, саҳнаи зебои ҳамбастагӣ ва солимгардонии ҷомеаро ба намоиш гузоштанд.




Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва фаъолони мусобиқа диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, ҳар якшанбеи сеюми моҳи май, дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад. Имсол бошад маротибаи 19-ум ин мусобиқа дар саросари кишвар бо тантана таҷлил гардид.
Суди ноҳияи Дӯстӣ 
