Санаи, 16 декабри соли 2025 Суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси суд, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд иштирок намуда, Паёми Президенти кишварро, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад, бо диққати хоса тамошо намуданд.


Иштирокчиён тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои дар он зикршуда иброз доштанд.
Тамошои дастаҷамъонаи Паём дар фазои созанда ва масъулиятшиносӣ баргузор гардида, он ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мусоидат намуд.


Суди ноҳияи Дӯстӣ 
